Хабарҳо
Иштироки Амонатбонк дар “Фестивали касбу кор”
Санаи 22-юми октябри соли ҷорӣ дар саҳни шаҳраки донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ “Фестивали касбу кор” баргузор гардид.
Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2022
Санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” доир ба натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷаласа баргузор гардид.
Иштироки гурўҳи кории БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсат Икромӣ С.С. дар Конфронси SIBOS-2022 SWIFT дар шаҳри Амстердам
Санаҳои 10 то 13 октябри соли ҷорӣ Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар доираи ҷаласаи солонаи Конфронси SIBOS - 2022 SWIFT (системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли иттилоот ва пардохтҳо), ки дар шаҳри Амстердами Нидерландия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Забони модарӣ барои мо – тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад
Имрӯз дар Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба муносибати Рўзи забони давлатӣ, чорабини баргузор гардид. Дар чорабини Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С. С. , Раиси Кумитаи забон ва истилоҲоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон, шоири халқии Тоҷикистон, муҳаққиқ -таърихшинос муҳтарам Ҳотам, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир иштирок намуданд.
Мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти Амонатбонк ва роҳбарияти ҶС “МТС-банк” –и ФР.
21 сентябри соли ҷорӣ дар дар бинои асосии БДА ҶТ “Амонатбонк” мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва ноиби президенти ҶС “МТС-банк”-и ФР Сорококин Глеб Михайлович баргузор гардид.